НАҚШИ АХЛОҚ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ
Мақола аҳамияти таърихӣ-фалсафӣ дошта, дар он доир ба масъалаи нақши ахлоқ дар масири таърих сухан рафтааст. Бояд қайд намуд, ки ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда, маҷмӯи меъѐру муқаррароти асосии муносибати оилавӣ, фардӣ ва ҷамъиятии одамонро ифода мекунад. Ахлоқ падидаи таърихие аст, ки зимни ҳамкории байниҳамдигарии инсонҳо ба вуҷуд омадааст. Он дар ҷомеаи ибтидоӣ дар заминаи муборизаи дастаҷамъона бо офатҳои табиӣ пайда гардидааст. Зеро инсоният бе ҳамкорӣ ва ѐрии ҳамдигар зиста наметавонад. Аз ин рӯ, ахлоқ барои ба тартиб даровардани муносибатҳои байни одамон омили муҳим ба шумор меравад. Муаллифон масъалаи мазкурро бо истифода аз сарчашмаҳои илмӣ-соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намудаанд, кифайласуфони муосир аз комѐбиҳои ахлоқии давраи Атиқа, асрҳои Миѐна ва давраи Нав хулосабарорӣ намуда, ахлоқро ҳамчун инъикоси муносибати байниинсонӣ ва омили махсуси пойдорию такомули маънавии афроди ҷомеа мешуморанд. Ахлоқ арзишҳои умумиинсонии маънавӣ, меъѐрҳои рафтору атвори одамон ва муносибати мутақобилаи онҳоро инъикос намуда, дар иҷрои меъѐрҳояш ба афкори умум такя мекунад...
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 2, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Казахский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе