НАҚШИ АФСОНА ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ИНСОН
Афсона аз муҳимтарин ва машҳуртарин жанри фолклор маҳсуб ёфта, фарогири орзую омоли неки инсонҳо дар ҳар давру замон ва мамолики гуногуни олам мебошад. Аз бостон то остон исоният ба қавле зидагияшро бо орзу «ширин» менамуд. Дар хурдӣ зудтар бузургу тавоно шудан, дар наврасӣ ба камоли ҷавонӣ расидан ва дар ҷавонӣ ба чизҳои зебою беҳтар дастёбӣ намудан орзуи ҳар фард аст. Ин аст, ки ҳар шахс бо ироаи ин ё он жанри фолклорӣ орзую омоли ниҳонии қалбашро бо истифода аз образу персонаш ва лаҳзоти он жанр иброз медорад. Ҳар гӯянда ба воситаи нақли афсона дар баробари иброз намудани асрори ниҳонии қалбаш ба мисли расидан ба зиндагии серу пур, бадон муҷозот шудан барои бадияшон, подоши никиро дидани некон дар дили ҳар шунаванда эҳсоси умед ба фардои некро бедор месозад. Аудиторияи афсона , ки аксаран кӯдакон ҳастанд ва ба қавле химчаи тар буда, ниёз ба парваришро доранд, бо идроки кӯдаконаи хеш бо шунидани ин ё он афсона дар онҳо дарки этикию эстетикӣ ва психологияшон мусбӣ ташаккул ёфта, мекӯшанд то ба мисли он қаҳрамонҳое, ки дар охири афсона ба муроду мақсадашон расидаанд, рафтор намоянд ва бадиро, ки сароғози тамоми кулфатҳост аз худ дур созанд. Яъне кӯдак аз хурдӣ бо шунидани ин ё он афсона барояш як қаҳрамони афсонаро идеал мегирад ва минбаъд барои монанд шудан ба ҳамон идеали мусбӣ чӣ зоҳиран ва чӣ ботинан талош меварзад. Дар мақолаи мазкур бобати афсона чун жанри фолклор ва тафовути он аз дигар жанрҳои фолклории насрии калонҳаҷм, нақши афсона дар ташаккули шахсияти инсон ва манфиати он дар ҳаёти ӯ, ҳамчунин нафъи шунидану гуфтани афсона ба рӯҳияи инсон сухан меравад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Казахский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан