Central AsianResearch Index

НАқШАКАШИИ СТРАТЕГИИ МАРКЕТИНГЙ: НАЗАРИЯ ВА ХУСУСИЯТҲОИ МЕТОДОЛОГӢ

Назарияи нақшакашии стратегии маркетингӣ баррасӣ гардида, хусусиятҳои методологие, ки ба ташакули низомӣ иқтисоди бозории минтақавӣ хос аст ва унсурҳои он ошкор карда шудаанд. Барои ноил гардидан ба комёбӣ дар бизнес фаъолият ба истеҳсолкунандагон зарур аст, ки бо маркетинг машғул шаванд. Ба мафҳуми « нақшакашии стратегӣ » таърифи замонавӣ дода, ҷои он дар низоми давлатии идоракунии стратегӣ муайян карда шудааст, зарурати истифодаи маркетинг барои ба даст овардани муваффақият мудаллал сохта шудааст. Дар раванди нақшакашии стратегии маркетингӣ ба нақшаи миёнамуҳлат афзалият дода мешавад, зеро дар он омилҳои асосии таъсиррасон ба вазъи бозор, ки мавқеи дар низоми иқтисодии минтақа ишғолкардаи ширкатҳо аз он вобастаанд, арзёбӣ мегарданд. Схемаи модели “нақшакашии маркетингӣ-ташкили кор ва назорат ” пешниҳод шудааст, ки маҷмӯи унсурҳои стратегияи рушди иқтисодиёти минтақавиро дар бар мегирад. Методологияи тартиб додани нақшаи стратегии маркетингӣ риояи талаботи хосаро ба таҳияи он пешбинӣ мекунад, ки ба гузаронидани SWOT- таҳлили иттилоот ва вазъу имкониятҳои воқеӣ такя менамояд, ҳамчунин афзалиятҳои рақобатии истифодаи технологияҳои муосири истеҳсоли молҳое, ки нисбат ба рақобатпазирии онҳо бартарият доранд ва муҳлати истифодаи фондҳои асосӣ, мавқеи ҷугрофии ҷойгиршавии ширкат ва низоми инфрасохторро бо ҷойгиронии натиҷаҳои онҳо дар чоркунҷаба эътибор мегирад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (89)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП