«НАЉДИЁТ»-И АБЎМУЗАФФАРИ АБЕВАРДЇ ВА АРЗИШИ АДАБИИ ОН
Дар маќола ќисми дувуми девони шоири арабисарои ањди Салљуќиѐн Абўмузаффари Абевардї мавсум ба «Наљдиѐт» мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Дар натиљаи тањќиќи асарњои муњаќќиќони муосир, аз ќабили Мамдўњ Њаќќї , Муњаммад ибни Абдуррањмон ар-Рубайиъ ва Я. Стеткевич сабабу заминањои «Наљдиѐт» унвонгузорї гардидани ин ќисми девон муайян гардидааст. Зикр гардидааст, ки ќофияњои ќасидањои дар он гирдоварї гардида, ки тамоми њарфњои алифбои арабиро дарбар мегиранд, фарзияро оид ба сохта будани ѓазалиѐти«Наљдиѐт» таќвият мебахшад. Таъкид гардидааст, ки ќисми мазкури девон дар чињилсолагии шоир бо хоњиши дўстонаш дар пайравї аз суннатњои ќадимаи адабиѐти араб сароида шуда, мавзўи Наљд дар он хусусияти рамзї дорад ва аз ќабилаи Узро сарчашма мегирад. Истифодаи бамавриди вожањои форсї дар бархе аз ашъор ба њисси баланди мењанпарастии шоир далолат мекунад. Корбурди моњиронаи санъатњои бадеї ва фасоњату балоѓати манзумањои он бошад, гувоњї медињанд, ки воќеан њам, «Наљдиѐт»-и Абўмузаффари Абевардї ѓазалиѐти дар айни камолоти њунарї сурудаи шоирро фаро гирифтааст. Таъкид гардидааст, ки пажўњиши илмии «Наљдиѐт»-и Абўмузаффари Абевардї љињати таъйин сохтани арзиши адабии ашъори шоир ва сабку услуби шеърии ў ањамияти калонро доро мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 3 (84)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП