НАҚДИ ҚАСИДАҲОИ ҶАВОБИЯ ДАР РИСОЛАИ «ДОДИ СУХАН»-И СИРОҶИДДИН АЛИХОНИ ОРЗУ
Рисолаи “Доди сухан”-и Сироҷиддин Алихони Орзу ба адабиёти форсизабони Ҳинд тааллуқ дошта, яке аз асарҳо ва сарчашмаҳои муҳимтарини нақди адабӣ ба шумор меравад. Дар рисола таҳлил ва баррасии қасидаҳои ҷавобияи шоирони ҳамасри суханвар, аз ҷумла Мунири Лоҳурӣ, Мулло Шайдо ва Муҳаммадхони Қудсӣ ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. Дар ин рисола Орзу ҳамчунин дидгоҳҳои адабии хешро баён намуда, истилоҳҳои адабии “шеърфаҳмӣ” ва “шеършиносӣ” ро шарҳ додааст. Чор намуди идрок ва фаҳмиши шеър ба риштаи таҳлил кашида шудааст: 1. Фаҳмидан ба тариқи мазоқи омма; 2. Фаҳмидан ба тариқи муллоён; 3. Идроки арбоби бадеиён; 4. Фаҳми сухан мувофиқи мазоқи шуаро. Алихони Орзу зимни таҳлили қасидаҳои ҷавобӣ оид ба услуби шеърӣ, бахусус, тарзи корбурди вожаҳо ва махсусан вожасозӣ мулоҳизаҳои танқидӣ баён кардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 100, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП