Central AsianResearch Index

МУСИҚИИ ШЕЪРИ ГУЛРУХСОР

Мақола ба таҳқиқи ғазалиёти Гулрухсор ихтисос ёфта, дар он нақши унсурҳои муҳими оҳангсоз, аз қабили вазн , қофия ва радиф , санъатҳои бадеӣ муайян гардидаанд. Маълум мешавад, ки аз миёни 14 баҳри арўзи аҷам ашъори Гулрухсор дар 8 баҳри арўзӣ ва зиёда аз 40 вазни гуногуни баҳрҳои ҳазаљ, рамал , раҷаз, музореъ, хафиф, муҷтасс, муқтазаб ва мунсареҳ эҷод шудааст. Муаллиф нишон додааст, ки аз 134 ғазали муштамил бар “Девон” қариб 20 дар сади онро вазни рамали мусаммани маҳзуф ташкил медиҳад ва истифодаи вазни мазкур боиси хушоҳангии каломи Гулрухсор гардидааст. Ба андешаи муаллиф, қофия ва радиф низ аз омилҳои муҳими оҳангсоз дар шеъри Гулрухсор буда, дар таъмини хушоҳангии калом нақши муассир доранд. Санъатҳои бадеии такрор, таҷнис, садомаъноӣ, акс низ ҳамчун унсури муҳим дар нерумандии савтиёти ашъори Гулрухсор хидмат намудаанд. Муаллиф ба хулосае мерасад, ки сабаби хушоҳангии шеъри Гулрухсор истифода аз авзони хушоянди арўзӣ, анвои гуногуни қофия ва радиф ва санооти зиёди лафзӣ буда, истифодаи унсурҳои мазкур ба шоир имкон фароҳам овардаанд, то ҷанбаҳои ҳунарии шеърашро тақвият бахшад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4 (77)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова