МУШКИЛОТИ ТАШКИЛӢ-ИҚТИСОДӢ САМАРАНОКИИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОНҲО
Дар мақолаи мазкур мафҳумҳои самаранокии иқтисодии истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар асоси ақидаҳои олимони соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла хориҷӣ ва ватанӣ, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудаанд. Ҳолати ҳозираи соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбури асалпарварӣ, саршумор ва маҳсулнокии онҳо, истеҳсол ва истеъмол ба як нафар аҳолӣ, дараҷаи таъминоти онҳо нисбат ба меъёри тавсияшуда бо рақамҳои омории мушаххас исботи худро ёфтаанд. Инчунин, истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва каммасраф барои иҷрои равандҳои техникӣ-технологӣ, чорабиниҳои ташкилӣ зооветеринарӣ, зоотехникӣ, нигоҳубини чорво, хусусан чорвои самти ширдеҳ, ки ба натиҷаи ниҳоии самаранокии истеҳсолот, таъсири бевосита мерасонанд бо нишондиҳандаҳои амиқи иқтисодӣ-муҳосибӣ ва оморӣ дар мисоли якчанд хоҷагиҳои пешқадам мавриди таҳлил қарор гирифта, исбот шудааст, ки дар байни хоҷагиҳои мазкур самаранокии иқтисодии баландро ҶДММ “Алмир” ба даст овардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан