МУШКИЛОТИ ТАРҶУМАИ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ
Ҳар забон воҳидҳои фразеологии худро дорад, ки тарҷумаи онҳо ба забонҳои дигар мушкилот пеш меорад. Муаллиф дар ин мақола дар хусуси чор навъи маъруфи тарҷумаи воҳидҳои фразеологӣ : истифодаи ҳаммаъноии мутлақ ва нисбӣ, истифодаи шабеҳият, тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва тарҷумаи тасвирӣ (бадеӣ) бо шоҳид овардани мисолҳои мушаххас изҳори назар кардааст. Мақсади ин мақола муайян кардани тарҷумаи воҳидҳои фразеологӣ , тарзи ифода ва тарҷумаи онҳо ба забони хориҷӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳадафи асосии таҳқиқот ҳалли масъалаҳои зерин мебошанд: омӯзиши масъалаҳои назариявӣ, пайдоиши илми тарҷума ва нақши тарҷума, таҳлил ва тарҷумаи воҳидҳои фразеологии тоҷикӣ ва фаронсавӣ.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (103)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни