МУШКИЛОТИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ
Мақолаи мазкур ба яке аз мавзуъҳои актуалии замони муосир – мушкилоти фазои иттилоотии байналхалқӣ ва миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бахшида шудааст. Дар мақолаи мазкур моҳият ва махсусиятҳои фазои иттилоотии муосир баррасӣ гардида, паҳлӯҳои мусбат ва манфии фазои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ нишон дода шудаанд. Инчунин муайян карда шуд, ки глобализатсияи фазои иттилоотӣ дар баробари мусоидат ба рушди олам боз ба ҷомеа таъсири манфӣ низ расонида метавонад. Афзоиши нобаробарии иттилоотӣ миёни давлатҳо, экспансияи ВАО-и кишварҳои пешрафта дар фазои иттилоотии кишварҳои заиф, нобудшавии фарҳанг ва забони миллатҳои хурд, густариши фарҳанги амрикоӣ ва ғарбӣ, афзоиши таъсири Интернет ва платформаҳои гуногун дар ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар мушкилот намунае аз таъсири манфии глобализатсия ба ҳисоб меравад. Зимни таҳқиқ маълум карда шуд, ки назорати ВАО-и байналхалқӣ, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ИМА норозигии дигар кишварҳоро ба миён овардааст. Федератсияи Русия лоиҳаи консепсияи амнияти байналмилалии иттилоотиро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд. Инчунин дар мақола таҳрифи воқеият дар ВАО-и байналхалқӣ ва авзои ВАО-и миллӣ дар фазои иттилоотии муосир таҳқиқ гардидааст. Ҳамзамон дар мақола доир ба масъалаи муқобилият ба тарғиботи хориҷӣ, беҳтар намудани фаъолияти ВАО-и Тоҷикистон пешниҳодҳои муфид ироа гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни