Central AsianResearch Index

МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ИНЪИКОСИ МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАО

Мақолаи мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳими журналистика мушкилоти ҷаҳонишавӣ ва инъикоси мавқеи Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма бахшида шудааст. Воқеан даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки вазъи сиёсии замони муосир хеле мураккаб шуда, проблемаҳои зиёде ба мисли тағйрёбии иқлим, оби нӯшокӣ, нарасидани хурокворӣ, тероризми минтақиву байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, экстремизм ва ифротгароии мазҳабӣ ҷаҳони имрӯзаро фаро гирифтааст. Дар инъикоси чунин проблемаҳои муҳими байналхалқӣ воситаҳои ахбори омма, алалхусус матбуоти даврии тоҷик нақши муҳиме дорад. Ҷаҳонӣ шудани дунёи иттилоот ва алоқамандии он бо минтақаҳои миллии иттилоърасонӣ сабаби таъсиррасонӣ ба афкори омма мегардад. Аз ин рӯ, матбуоти даврии тоҷик масъалаҳои зикршударо ба хонандаҳои худ, яъне гирандагони ахбор бо тамоми маънӣ шарҳу эзоҳ дода, иқдомҳои пешгирифтаи Президенти мамлакатро саривақтӣ тарғиб мекунад ва ҷомеаи тоҷикро ба ҳушёрӣ ва зиракӣ даъват менамояд. Матбуоти даврии тоҷик дар ин замина ба инъикос, баррасӣ ва таҳлилу арзёбии масъалаҳое таваҷҷуҳ кардааст, ки аҳамияти миллӣ ва фаромиллӣ дошта, Тоҷикистон низ аз фишори чунин хатару ситезаҳои ҷаҳонишавӣ берун набудааст. Масъалаҳои муҳими зикршуда ҳадалимкон дар воситаҳои ахбори оммаи тоҷик ва дунё инъикос ёфта, дар тамоми кишварҳо ҳамовозӣ пайдо кардааст. Ин проблема яке аз масъалаҳои муҳим дар асри ХХI арзёбӣ мегард. Рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», « Тоҷикистон », «Паёми Душанбе», «Минбари халқ», «Фараж», «Народная газета», «Халқ овози» ва дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио низ барои тарғиби ҳамин масъалаҳои глобалӣ саҳми худро гузоштаанд. Бояд қайд кард, ки мақолаи мазкур ҳамин мавзуъҳои муҳими замонро фаро гирифта, матбуоти даврӣ вазифаи бевоситаи худро дар назди ҷомеа анҷом додааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (114)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни