Central AsianResearch Index

МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО ДАР РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА ДАР КИШВАРҲОИ РӮ БА ТАРАҚҚӢ

Мақолаи мазкур ба таҳлили мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар рушди соҳибкории хурд ва миёна дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бахшида шудааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои иқтисодӣ, СХМ унсури муҳими рушди иқтисодӣ , ташкили ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Аммо, корхонаҳои хурду миёна бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, ба монанди дастрасии маҳдуд ба маблағгузорӣ, андозҳои баланд, ва набудани малакаҳои соҳибкорӣ. Муаллиф дар мақола монеаҳои асосии рушди СХМ-ро баррасӣ мекунад ва инчунин тавсияҳо оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ , аз ҷумла оптимизатсияи низоми андоз, беҳтар кардани инфрасохтори молиявӣ, рушди таҳсилот ва омӯзиши касбиро пешниҳод мекунад. Ба таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ , ки метавонад барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ мутобиқ карда шавад, диққати махсус дода мешавад. Дар асоси таҳлили гузаронидашуда як қатор қарорҳо пешниҳод карда мешаванд, ки ба рушди устувори соҳибкории хурду миёна дар шароити номуайянӣ ва мушкилоти иқтисодӣ мусоидат мекунанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (44)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет