МУШКИЛОТ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ЖУРНАЛИСТИКАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ
Равандҳои таҳаввулоти журналистикаи байналхалқӣ ва дурнамои рушди он дар замони ҷаҳонишавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Омилҳои асосии дигаргунӣ, аз ҷумла таҳаввулоти технологияҳои рақамӣ, густариши ҷаҳонишавӣ ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуда, мушкилоту чолишҳои соҳа, аз қабили маҳдудиятҳои сиёсӣ ва масоили амнияти журналистон ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Мушкилоти соҳа дар робита ба озодии сухан , паҳни ахбори фейкӣ , нақзи меъёрҳои ахлоқи касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, чораҳо барои дарёфти ҳалли мушкилот қайд гардидаанд. Дурнамои рушди журналистикаи байналхалқӣ бо таъкид ба ҳамкории байналмилалӣ, стандартизатсияи ахлоқӣ ва истифодаи технологияҳои сунъӣ пешниҳод шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП