МУРУРЕ ДАР ШИНОХТИ НУСХАҲОИ “БӮСТОН”-И ШАЙХ САЪДӢ
Барои муайян намудани нусхаи қадимию нашрҳои боэътимод ба зиёда аз даҳ нашрҳои “Куллиёт” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ рӯ оварда шудааст, ки нашрҳои Муҳаммадалии Фурӯғӣ , Мансури Растагор, Ғуломҳусайни Юсуфӣ , Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Исмоил Амирхезӣ, Хатиби Раҳбар ва Аббос Иқболи Оштиёнӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз маълумотҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки нусхаи лорд Greenaway нисбат ба нусхаи Луқмони Адҳам, нусхаи китобхонаи Ҳинди Англия, нусхаи Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абӯбакр, нусхаи Муҳаммад Абдуллатифи Ақоқирӣ ва чанде дигар қадимтарин ва боэътимод мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар нашрҳои Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Ғуломҳусайни Юсуфӣ нусхаи лорд Greenaway ҳамчун нусхаи асос ба кор рафтааст. Аз ин рӯ, ҳини нашри илмию интиқодии “Бӯстон” ва таҳияи матни он дар баробари нусхаҳои қадим нашри ин ду танро бояд ба эътибор гирифт.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 92, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП