МУНОСИБАТИ САДРИДДИН АЙНӢ БА ШЕВАҲОИ ТОҶИКӢ
Дар мақолаи мазкур саҳми С. Айнӣ доир ба инкишофи забони миллии тоҷикӣ, чи аз ҷиҳати таркиби луғавӣ ва чи аз ҷиҳати сохтори дастурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. С. Айнӣ оид ба истифодаи калимаҳое, ки бештар ба оммаи мардум фаҳмоанд ва ба дохил кардани меъёри забони адабии тоҷикӣ мувофиқ буданд, дар асарҳои худ истифода кардааст. Муаллиф бо овардани мисолҳо аз эҷодиёти адибон ва маҳфуз мондани унсурҳои классикӣ дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ аз таъсири забонҳои ғайр маълумот додааст. Аз натиҷаҳои таҳқиқу таҳлил бар меояд, ки дар ҳар лаҳҷа шумораи муайяни калимаҳои архаистӣ пайдо мешаванд, ки аз забони осори адабиёти классикӣ маҳфуз монда дар забони адабӣ ва ё баъзе лаҳҷаҳои он истифодаи онҳо маҳдуд аст. Аммо дар мақола қайд карда шудааст, ки чунин унсурҳо дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ нисбат ба дигар лаҳҷаҳо бештар аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни