МУНОСИБАТИ БАЙНИ АНДОЗУ БУЉЕТ ДАР НИЗОМИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
Дар мақолаи мазкур ба таври илмї раванди муносибати байни андозу буљет дар низоми гуногун омўхта шудааст. Раванди методологии ташаккулёбии буљет аз он шаҳодат медиҳад, ки ин љараён ҳанўз дар давраҳои хеле пеш ба вуљуд омадааст. Њарчанд раванди ташаккулёбии буљет дар давраҳои пеш хело одї бошад ҳам, лекин бо рушди муносибатҳои молиявї он давра ба давра такмил ёфтааст. Дар такмилёбии муносибатҳои молиявї нақш ва мукаммалгардонии љараёни фаъолияти хољагидорї ташкили субъектҳои нави хољагидорї саҳми арзандаро иљро намуда, он заминаи асосї ба раванди андозбандї шуда метавонад. Омўзишҳои илмї ва амалї нишон доданд, ки то аввали солҳои 2000-ум дар низоми иқтисоди миллї раванди андозбандї, махсусан, саҳми андозҳои мустақим нисбат ба андози ғайримустақим зиёд буд. Баъд аз рушд кардани љараёни соҳибкорї дар мамлакат пардохти андозҳои ғайримустақим дар буљети давлатї зиёд гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола маблағи қисмати даромадҳои буљет чи аз ҳисоби пардохтҳои андозї ва чи пардохтҳои ғайриандозї бо љалби маблағҳои грантї ва бебозгашт пурра иљро гардида истодааст. Ба ғайр аз ин, иљроиши воқеии даромадҳои буљет нисбат ба маљмуи маҳсулоти дохилї дар соли таҳлилшаванда мусбї арзёбї карда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.2 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет