Central AsianResearch Index

МУНОСИБАТҲОИ СИЁСИИ ҒУРИЁН БО ХОРАЗМШОҲИЁН

Дар мақола оид ба муносибатҳои сиёсии ду давлат, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён таҳқиқот анҷом ёфтааст. Муаллифи мақола қайд менамояд, ки яке аз сабабҳои асосии муташанниҷ гардидани муносибатҳои ин ду давлат, ба сарзамини Хуросон таваҷҷуҳ намудани султони Хоразм Муҳаммад Хоразмшоҳ буд ва аввалин ҳаракатҳои ҳарбӣ пас аз ба сари ҳокимияти Хоразм омадани ӯ рух додаанд. Пас аз вафоти Ғиёсуддини Ғурӣ, хусусан, дар замони ҳукмронии Шиҳобуддин муносибатҳои сиёсии Ғуриёну Хоразмшоҳиён шиддат гирифт. Дар замони ҳукумати Ғиёсуддин Маҳмуд қувваҳои марказгурез зиёд шуда, ҳокимони маҳаллӣ ба ҳукумати марказӣ итоат кардан намехостанд, ки ин барои султони Хоразм шароити муносиб фароҳам оварда, қисме аз сарзаминҳои ҳудуди онро тасарруф намуд. Соли 1215 Алоуддин Муҳаммад охирин ҳукмрони ғурӣ бо дастури Хоразмшоҳ ҳукуматро ба муътамадони Хоразмшоҳ супурда, худ ба фармони Хоразмшоҳ ба Гургон рафт. Ҳамзамон, муаллифи мақола ба хулосае меояд, ки дар натиҷаи рақобати байни Хоразмшоҳиён ва Ғуриён султон Муҳаммади Хоразмшоҳ бо ёрии қарахитоиён то соли 1215 сарзамини Ғуриёнро таҳти фармонаравоии худ дароварда, сарзаминҳои Ғур, Ҳирот, Ғарҷистон ва Заминдовар то ҳудуди Ҳиндустонро ба писарбузургаш Ҷалолиддин Мангубернӣ вогузор ва Шамсулмалик Шиҳобуддинро ба ҳайси вазири ӯ таъин менамояд.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2024 · № 3 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА