Central AsianResearch Index

МУНОСИБАТҲОИ СИЁСИИ ҒУРИЁН БО ҒАЗНАВИЁН

Дар мақола оид ба муносибатҳои сиёсии ду давлат Ғуриён ва Ғазнавиён таҳқиқот анҷом ёфтааст. Муаллифи мақола қайд менамояд, ки аввалин муносибатҳои сиёсии ин ду давлат дар давраи ҳукмронии Муҳаммади Сурӣ дар Ғур ба ҳуҷуми Сабуктегини ғазнавӣ ба ноҳияҳои гирду атрофи Ғур рост меояд. Пас аз вафоти Сабуктегин писараш Маҳмуд дар Ғазна ба тахт нишаста, тобеъ кардани Ғурро аз ҳадафҳои асосии сиёсати худ қарор дода, ҳамроҳи писаронаш чандин маротиба ба ҳудуди давлати Ғур лашкар кашиданд, аммо натавонистанд, ки ба пуррагӣ онро дар тобеияти худ қарор диҳанд. Ниҳоят ба давлати Ғуриён муяссар мешавад, ки дар замони салтанати Алоуддин давлати Ғазнавиёнро пурра шикаст диҳад. Муаллифи мақола ба хулосае омадааст, ки дар замони салтанати Ғазнавиён байни Ғуриён ва Ғазнавиён мудом ҷангу лашкаркашӣ идома ёфта, давлати Ғазнавиён пурра шикаст хӯрда, ҳудудҳояш ба давлати Ғуриён ҳамроҳ карда шуд.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2023 · № 4 (36)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА