МУНОСИБАТҲОИ НАЗАРИЯВӢ ДОИР БА АМАЛИГАРДОНИИ СИЁСАТИ МОНЕТАРӢ
Назарияҳои асосии сиёсати монетарӣ дар шароити муосир баррасӣ шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии коркард ва амалигардонии сиёсати монетарӣ нишон медиҳад, ки он асосан ба як қатор назарияҳое, ки дар аввали асри ХХ коркард шудаанд ва дурустии худро дар шароитҳои мухталифи таърихӣ исбот намудаанд, такя мекунад. Дар натиҷаи тадқиқи асосҳои назариявии сиёсати монетарӣ муайян карда шудааст, ки дар амалигардонии он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми таҷрибаи андӯхтаи ҷаҳонӣ такя намуда, ин ё он муқаррароти назариявиро вобаста ба шароитҳои воқеии иҷтимоӣ-иқтисодӣ татбиқ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Таҳқиқ собит намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни бахшҳои молиявӣ ва воқеӣ тафриқа мушоҳида мешавад. Чорабиниҳои ба принсипҳои консепсияи монетаристӣ асосёфта ба баланд бардоштани фаъолнокии инвеститсионӣ дар иқтисодиёти миллӣ мусоидат намекунанд. Бинобар ин дар шароити муосир аз тадбирҳои қатъии монетаристӣ даст кашида, механизмҳои сиёсати монетарии ҳавасмандгардонандаи сармоягузорӣ, тавсеаи истеҳсолотро пеш гирифтан лозим аст, ки ба куллӣ аз ӯҳдаи коҳиш додани сатҳи таваррум мебароянд ва ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 1 (90)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП