Муносибатњои дипломатии хонигарии ќўќанд дар давраи њукмронии муњаммад Алихон(1822-1842)
Дар маќола, дар асоси асноди сарчашмањои хаттї ва адабиѐти илмї муносибатњои хонигарии Ќўќанд бо давлатњои дуру наздик дар давраи њукмронии Муҳаммад Алихон тадќиќ карда шудааст. Муносибатњои мураккаби империяи Чин ва хонигарии Ќўќанд ва баста шудани шартнома дар байни онњо ќайд карда мешавад. Дар таърихи дипломатия, ин шартнома хусусияти хоса дорад, мувофиќи он аз њудуди Туркистони Шарќӣ, ки аз соли 1759 ба таркиби империяи Чин дохил мешуд, ба хазинаи хонигарии Ќўќанд андоз љамъ карда мешуд. Зикр мешавад, ки муносибатҳои хонигарии Қўқанд ва империяи Русия ҳам дар ин давра хеле мураккаб мешавад. Русия бо мақсади мустаҳкам намудани алоқаҳои дипломтии худ бо империяи Чин, таклифҳоро дар хусуси бо яроқҳои замонавӣ таъмин намудани қўшунҳои Қўқанд рад менамояд. Муносибатҳои дипломатии хонигарии Қўқанд ва империяи Русия барои инкишофи алоқаҳои савдо равона карда шуда буд. Бо ҳамин мақсад, дар мобайни ин ду давлат, алоқаҳои мунтазами дипломатӣ ба роҳ монда шуда буданд.
Сведения
- Опубликовано
- 2019 · № 1 (58)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова