Central AsianResearch Index

МУНДАРИҶА ВА СОХТОРИ ЗАБОНИИ МАТНҲОИ ФОЛКЛОРИ САРИ ХОСОР

Мақолаи мазкур ба масъалаи омӯзиши муштарак, пайвасту ҳамзамони фолклор ва забони он, ки мавзуи асосии баҳси лингвофолклористикаро ташкил медиҳад, бахшида шудааст. Бевосита зимни омӯзиши матнҳои фолклорӣ бештар ба ҷанбаҳои забонии он, бахусус диалектизмҳои он, ки хоси гуфтугӯи мавзеъ ва минтақаҳои гуногун мебошад, дахл ва таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Муаллиф маводи нашршудаи эҷодиёти даҳанакии халқи Кӯлоб, аз ҷумла фолклори Сари Хосорро мавриди таҳлил ва таҳқиқу муқоиса қарор додааст. Муайян гардидааст, ки матнҳои фолклории Сари Хосор аз нутқи сокинони он маҳал айнан сабт шудаанд. Ва ин низом ё усул дар омӯзиши сохти забонии матнҳои фолклорӣ мусоидат менамояд. Дар мақола оид ба дараҷаи истифодаи калимаҳо ва шаклҳои он, бахусус диалектизмҳо дар фолклори Сари Хосор маълумоти мухтасар дода шудааст. Маълум гардидааст, ки калимаҳои лаҳҷавӣ қариб дар баробари калимаҳои забони адабӣ - умумихалқӣ дар матнҳои фолклорӣ истифода шудаанд. Аз омӯзиши масъалаи мазкур бармеояд, ки минбаъд мавриди таҳқиқ қарор додани забони фолклори маҳалҳо аз назари лингвофолклористӣ яке аз вазифаҳои забоншиносон маҳсуб меёбад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (103)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни