Central AsianResearch Index

МУЛОҲИЗАҲО РОҶЕЪ БА АВЗОНИ ҒАЗАЛИЁТИ КАЛИМИ КОШОНӢ

Авзони ғазалиёти Калими Кошонӣ баррасӣ шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқ маълум гардидааст, ки дар сурудани ғазал Калими Кошонӣ асосан аз авзони маъмулии арӯз, чун ҳазаҷ , раҷаз, рамал , мутақориб, муҷтас , музореъ ва амсоли ин ба кор гирифтааст. Бар асоси басомади корбурди авзони шеърӣ дар ғазалиёти Калим муаллифон онҳоро ба се бахши зерин ҷудо кардаанд: бисёркорбурд, мутавассит ва камкорбурд. Мушаххас карда шудааст, ки аз ҳама бештар дар миёни сурудаҳои шоир вазни рамал мавриди истифода қарор гирифтааст. Шумораи умумии ғазалиёти бо ин вазн суруда 144 адад мебошад. Баҳрҳои камкорбурд бошад, сареъ ва муқтазаб буда, ба ҳардуи онҳо 1 ғазалӣ суруда шудааст. Басомади умумии авзони мавриди истифодаи Калими Кошонӣ бо шеваи таҳқиқи оморӣ дар ҷадвали махсус муқаррар карда шудааст, ки манзараи куллии корбурди тамоми вазнҳои мавҷуд дар бахши ғазалиёти девони шоирро нишон медиҳанд. Мутобиқи ин ҷадвал маълум мешавад, ки дар таркиби девони шоир 562 ғазал мавҷуд аст ва Калими Кошонӣ дар иншои чунин миқдори ғазал асосан аз 9 баҳру 24 вазни мустаъмал дар адабиёти классикии тоҷик ба кор гирифтааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 107, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП