Central AsianResearch Index

МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ДАФТАРИ ҲАФТУМИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Маснавии маънавӣ» аз бузургтарин шоҳкориҳои адабиёти тоҷику форс аст, ки тўли садсолаҳо ҷиҳати шарҳу эзоҳи он дар кишварҳои мухталиф таҳқиқот ва шарҳу тафсирҳои ҷудогона анҷом дода шудаанд. Маъруф аст, ки Мавлоно беш аз даҳ сол «Маснавии маънавӣ»-ро бадоҳатан эҷод кард ва Ҳусомуддини Чалабӣ машғули нигориши он буд, аммо Мавлоно ҳини таълифи дафтари шашум даргузашт ва бо ҳамин шоҳкори бузург нотамом монд.Нотамом мондани дафтари шашум муъҷиби гумонзаниҳои мабнӣ бар такмил нашудани кор дар замони марги Мавлоно ва ҳамчунин иддаои вуҷуди дафтари дигаре шудааст. Дар ин мақола сухан дар бораи яке аз қадимтарин матнҳои наздик ба замони зиндагии Мавлоно Ҷалолуддин меравад, ки бо номи “Дафтари ҳафтуми маснавӣ” шинохта шудааст. Тибқи сарчашмаҳо асари мазкур дар соли 814 ҳиҷрӣ аз тарафи шоири номаълуме сароида шуда, нусхаи сангии он соли 1310 дар чопхонаи Бомбай ва соли 1380 аз тарафи адабиётшиноси маъруфи Эрон Манучеҳри Донишпажўҳ дар Теҳрон мунташир гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4 (77)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова