МУЛОҲИЗАҲО ДОИР БА НАШРИ КИРИЛИИ ДОСТОНИ “ҲУМОЙ ВА ҲУМОЮН”-И ХОҶУ
Тақриз ба нашри достони -Ҳумой ва Ҳумоюн‖-и шоири маъруфи асри ХIV Хоҷуи Кирмонӣ, ки б а -Хамса‖-и ӯ дохил мешавад. Матни кириллии достонро кормандони муассисаи давлатии -Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ‖ (Хуҷанд, Тоҷикистон) ба нашр омода сохтаанд. Зикр гардидааст, ки то нашри нашри мазкур мухлисони назм аз имкони ошноӣ бо -Хамса‖-и Хоҷуи Кирмонӣ, ки дар таърпихи адабиѐти тоҷик баъди Амир Хусрави Деҳлавӣ (асри ХIII) шоири дувуми ба -Хамса‖-и Низомии Ганҷавӣ ҷавоб навишта ба шумор меравад, маҳрум буданд. Муқоисаи муфассали достон, ки ба ҳуруфи кириллӣ баргардон шудааст, бо матни нашри адабиѐтшиносони маъруфи тоҷик Камол Айнӣ (Теҳрон, 1367) ва чопи Саид Ниѐзи Кирмонӣ (Теҳрон, 1370) сурат гирифта, норасоӣ, камбудӣ афтодагиҳои нашри мавриди тақриз зикр шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 3 (84)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП