Central AsianResearch Index

МУЛОҲИЗАҲО ДАР АТРОФИ МАСЪАЛАИ ИСТИЛОҲОТ ДАР СОЛҲОИ 30-ЮМИ САДАИ ХХ

Вазъияти забонии ҷумҳурӣ ва фаъолияти кумитаи терминалогӣ( Терминком ), ки 4 феврали соли 1933 бо қарори КХМҶТ ташкил шуда буд, баррасӣ гардидааст. Зикр шудааст, ки солҳои 30-уми қарни XX дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истилоҳот ва демократикунонии забони адабӣ ва табдили алифбо ба майдони баҳс кашида шудаанд. Ба хусус масъалаи истилоҳот мавриди бахсҳои доманадор қарор гирифт. Ба моҳият ва мундариҷаи “Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ”, ки 15.08.1936 аз ҷониби Президиуми КИМ ҶШСТ қабул шуда буд, диққати махсус дода шудааст. Зикр шудааст, ки солҳои 30-ум дар сиёсати миллию забонии ИҶШС умуман ва ҶШСТ хусусан равиши маҳдуд кардани захираҳои миллию дорхилизабонӣ хос буд. Забон асосан аз ҳисоби захираҳои хориҷӣ, аз ҷумла калимаҳои русию байналмилалӣ бой мешуд. Гузашта аз ин ба миллатгароӣ муттаҳам намудани ашхоси ифодакунандаи хоҳиши истифодаи захираҳои дохилии забон ва мисли ин амалҳои номатлуб ҷой доштанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 93, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП