МУЛЛО ҚУРБОНХОНИ ФИТРАТ ВА МЕРОСИ АДАБИИ Ӯ
Рӯзгор ва осори Мулло Қурбонхони Фитрат ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Қайд карда мешавад, ки Қурбонхони Фитрат аз шоирони номвари нимаи дувуми асри Х1Х буда, осори хубу мондагоре ба мерос мондааст. Девонаш мураттаб нашудааст, аммо дар тазкираву баёзҳо намунаҳои осораш зиёданд. Муаллиф роҳи эҷодии Фитратро ба ду давра ҷудо мекунад ва давраи аввалро чун давраи пайравӣ ба Бедил шарҳ медиҳад. Мисолҳое, ки аз ин давра оварда шудаанд, гароиш ба сабки ҳиндии шоирро исбот мекунанд. Ғазал бо радифи «оинаро», ки ҳамчунин дар пайравӣ ба ашъори Бедил гуфта шудааст, ҳунари ҷавобиянависии Фитратро тасдиқ менамояд. Давраи дувум давраи соданависӣ буда, дар осори ин давра матолиби урфия зиёд ба кор рафтааст. Хулоса шудааст, ки Қурбонхони Фитрат аз шоирони соҳибҳунари замон буда, ҳам дар сабки ҳиндӣ ва ҳам дар сабки халқӣ намунаи ҷолиби осор офаридааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 96, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП