МУКАММАЛГАРДОНИИ МЕХАНИЗМИ ИДОРАКУНИИ САНДУҚИ КАРЗИИ БОНКҲОИ ТИҶОРАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ-методологии идоракунии сандуқи қарзии бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳҳои такмили он бо назардошти мушкилот ва тамоюлҳои муосири бозори молиявӣ баррасӣ карда шудаанд. Мушкилоти асосии идоракунии хавфҳои қарзӣ, диверсификатсияи сандуқи қарзӣ , инчунин баланд бардоштани сифат ва даромаднокии он ошкор карда шуданд. Тавсияҳо оид ба татбиқи усулҳои самараноки баҳодиҳии қарзгирандагон, оптимизатсияи сохтори сандуқи қарзӣ ва истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ барои автоматикунонии равандҳои идоракунӣ пешниҳод карда шудаанд. Ба зарурати ба назар гирифтани хусусияти миллии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсири омилҳои беруна, аз қабили муҳоҷирати меҳнатӣ ва тағйирёбии асъор таъкид карда шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд барои мутахассисони бонкӣ, танзимгарон ва муҳаққиқони соҳаи молия муфид бошанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет