МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ СОХТМОНИ НБО-И «САНГТУДА-1
Мақола ба баррасии рушди соҳаи барқи обӣ, дар мисоли сохтмони НБО “Сангтӯда-1”, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳс менамояд. Зикр мешавад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар соҳаи барқ яке аз соҳаҳои муҳим ва стратегӣ маҳсуб ёфта, ҳалли он ба рушди минбаъдаи дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар муассир буд.Хотирнишон мешавад, ки соли 1986 таҳияи лоиҳаи сохтмони НБО “Сангтӯда-1“ оғоз ёфта, корҳои асосӣ соли 1992 оғоз шуда буданд.Вале ба сабаби фурӯпошии СССР ва норомиҳои дохилии кишвар корҳои сохтмон дар ин нерӯгоҳ қатъ гардид. Соли 1996 кӯшиши дубора ба роҳ мондани сохтмони нерӯгоҳ ба мушоҳида расад ҳам, вале аз сабаби камбуди маблаг ин кор бемуваффақият буд. Танҳо солҳои 2004-2005 шароити дар асоси ҳамкориҳои муштаракаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сохта шудани нерӯгоҳ ба вуҷуд омад. Соли 2006 дар мавзеи сохтмони пеши дарёи Вахш баста шуда, соли 2008 чархаи якуми НБО-и «Сангтӯда-1» ба кор андохта шуд. 31 июни соли 2009 НБО-и «Сангтӯда-1» бо иқтидори пурраш 670мВт мавриди баҳрабардорӣ царор гирифт.Хулоса мешавад, ки бунёди НБО-и «Сангтӯда-1» намунаи олии ҳамкориҳои судманди дутарафаи Тоҷикистону Русия ба ҳисоб меравад.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 4 (65)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова