Central AsianResearch Index

МУХТАСАРЕ АЗ ХУСУСИ САЙРИ ТАЪРИХИИ ВОЖАИ «КИ»

Рўйкарди вижагиҳои пайвандаки тобеъкунандаи «ки», ки то имрўз сайри таҳаввули тулониеро пушти сар кардааст, баррасӣ шудааст. Забоншиносон танҳо бо ишораи як вазифаи маъмули он – тобеъ кардани ҷумлаи пайрав ба сарҷумла маҳдуд монда, аз хусуси вазифаҳои дигари ин унсури ёвари сервазифа хомўширо ихтиёр кардаанд. Аз ин рў, дар мақола кўшиш шудааст, то исбот шавад пайвандаки мавриди назар дар забони тоҷикӣ, ба ҷуз ин вазифаи маъмул, вазифаҳои дигари зиёде дорад. Муҳимтарин ва маъмултарини он ҳамчун пайвандак (ки), ҷонишини саволӣ (кӣ) ва ҳиссача (-ки) истифода шуданаш мебошад, ки дар мақола бо овардани шоҳид аз осори аҳди бостон , давраи миёна ва нав асоснок карда шудааст. Таъкид мегардад, ки дар давраи бостон пайвандаки «ки» суратҳои гуногун дошта, дар давраи миёна қисман гунаҳои ба ҳамдигар мушобеҳ (kē) – ро касб кардааст. Ҳамчунин муайян карда шудааст, ки сарчашмаи пайдоиши пайвандаки «ки» муштақ аз ҷонишини саволии kē буда, минбаъд доираи пайвандакҳои ҳаммаънояшро танг кардааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 92, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП