Central AsianResearch Index

МУАРРИФИИ НУСХАҲОИ ДЕВОНИ ҒАЗАЛИЁТИ КОТИБИИ НИШОПУРӢ

Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Котибии Нишопурӣ мутахаллис ба Туршезӣ яке аз шоирони камомӯхташудаи асрҳои XIVXV форс-тоҷик мебошад. Муаллифи мақола дар бораи нусхаҳои девони ашъори Котибии Нишопурӣ дар такя ба сарчашмаҳои адабиву таърихӣ маълумот дода, таъкид медорад, ки ҳарчанд ҳама тазкиранависон Котибиро шоири асил ва ҳатто нотакрору беназир донистаанд, аммо дар адабиётшиносии муосири тоҷик то имрӯз рӯзгору осори ӯ мавриди таҳқиқу пажуҳиши фарогир қарор нагирифта, арзиши ашъораш ба қадри зарурӣ эътироф нашудааст. Яке аз нусхаҳои девони ғазалиёти шоир, ки аз ҷониби муҳаққиқони эронӣ Тақии Ваҳидиёни Комёр, Саид Муҳаммади Хайрободӣ ва Муҷтабо Ҷаводниё дар Бунёди пажуҳишҳои исломии Машҳад дар ҳаҷми 254 саҳифа тариқи интишороти Остони Қудси Разавӣ соли 1382 ҳ нашр гардидааст, барои омӯзишу пажуҳиши ашъори шоир имконият фароҳам овард. Муаллиф нусхаҳоеро, ки муҳақиқони эронӣ дар тасҳеҳи девони Котибии Туршезӣ мавриди истифода қарор дода, дар заминаи онҳо девони ғазалиёти шоирро рӯи чоп овардаанд, шарҳ додааст. Муаллиф бар он назар аст, ки таърихи адабиёти тоҷики асри XV аз марҳилаҳои муҳимми рушду такомули адабиёти тоҷик буда, маҳз дар ҳамин марҳилаи аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, диниву мазҳабӣ ноустувори айём ҳаёту эҷодиёти Котибии Нишопурӣ гузаштааст. Аз маълумоти адабӣ, таърихӣ ва илмию назарии муаррихони гузашта, аз ҷумла роҷеъ ба мавзуъ, мундариҷа ва ғояи осори Котибӣ маълум мешавад, ки осори ӯ мароми ин марҳилаи давраи адабиёти тоҷикро таҷассум намудааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан