МУАММОҲОИ ТАШАККУЛЁБЇ ВА РОҲҲОИ РУШДИ КЛАСТЕРҲОИ АГРОСАНОАТЇ ДАР ШАРОИТИ МИНТАЌА
Дар маќола масъалаҳои назариявии ташаккул ва рушди комплекси агросаноатї мавриди омўзишу таҳќиќ ќарор гирифтаанд. Муаллиф мафҳуми « комплекси агросаноатї (КАС)»-ро кушода, равшан намуда, нишон медиҳад, ки он маљмуи соҳаҳои ба ҳам аз љиҳати технологию истеҳсолї ва иќтисодї алоќаманди иќтисодиѐти миллї мебошад, ки истеҳсол , коркард ва фурўши маҳсулотҳои озуќаворї ва таъмини саноат бо ашѐи хоми соҳаи кишоварзиро дар бар мегирад ва то ба истемолкунандаи ниҳої расонидани маҳсулотҳо хизмат мерасонад. Дар маќола аќидаҳои олимони ватанї ва хориљї оид ба он ки бо ташаккулѐбии иќтисоди бозорї наќши низоми ҳамгирої ва кооператсия дар рушди соҳаҳои КАС меафзояд, дастгирї ѐфта, дар ин хусус аќидаи шахсии муаллиф оварда шудааст. Мавќеи хоссаро дар маќола омўзиши марҳилаҳои рушди ҳамгирої ва кооператсия дар байни соҳаҳои КАС ишѓол менамояд. Муаллиф, инчунин, сабабҳои объективї ва субъективии боздорандаи раванди ташаккули кластерҳои агросаноатиро дар кишвар омўхта, ҳамчун асоситаринашон мављуд набудани захираҳои 246 кофии маблаѓҳои пулї, норасоии таљрибаи амалии кластерҳои мазкур, рушди пасти соҳаҳои кишоварзї ва бахши хизматрасонии онҳоро нишон додааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 1 (30)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет