МУАММОҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН
Масъалаҳои фарҳанги андоз дар соҳаи андозбандӣ, аз ҷумла мафҳуми фарҳанги андоз , намуд ва сатҳҳои фарҳанги андоз баррасӣ шудаанд. Фарҳанги андоз дар соҳаи андозбандӣ ҳамчун шарти зарурии баҳамтаъсиррасонии самараноки байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон таҳқиқ карда шудааст. Механизми эътимоди ҳуқуқӣ дар ташаккули фарҳанги андози андозсупорандагон таҳлил карда шуда, ба тафовути мафҳумҳои « маърифати андозсупорӣ » ва « фарҳанги андоз » диққати махсус зоҳир дода шудааст. Муқаррар гардидааст, ки фарҳанги андоз як ҷузъи фарҳанги иҷтимоӣ буда, барои ноил шудан ба сатҳи зарурии фарҳанги андоз дар ҷомеа фароҳам овардани шароити махсус тақозо карда мешавад. Хулоса шудааст, ки айни замон ташаккули эътимоднокии аҳолӣ ва соҳибкорӣ ба давлат, аз ҷумла ба мақомоти андоз вазифаи асосии мақомоти андоз баҳри баланд бардоштани фарҳанги андоз ба ҳисоб меравад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (88)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП