Central AsianResearch Index

МУАММОЊОИ АЙНИИ НИЗОМИ МОЛИЯВИЮ БОНКИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур муаллиф муаммоҳои бахши низоми молиявию бонкиро дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии амиқ қарор додааст Муаллиф муносибати мухталифи назариявӣ ва методологиро ба таҳқиқи масъалаи баррасишаванда хулосабандӣ намуда, собит намудааст, ки низоми молиявию бонкии кишвар қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини суботи ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои молиявӣ нақши калидӣ дорад. Иқтисодиёти пешрафта дар ҳама шароит рушди муназзами низоми молиявию бонкиро тақозо намуда, мувозинати рушди худро дар сатҳи зарурӣ ба воситаи захираҳои пулию қарзии бонкҳо ба роҳ мемонад. Дар сатҳи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили муаммоҳои низоми молиявию бонкӣ аз нуқтаи назари институтсионалї, ки он тамоми манбаъҳои молиявӣ ва механизмҳои азнавтақсимкунии онҳоро дар бар мегирад таҳлил ва арзёбӣ мегардад, ки дар он буҷети давлатї, буҷети ташкилотҳои қарзӣ ташкилотҳои молиявӣ ва буҷети корхонаю шахсони алоҳида ва манбаъҳои даромаду захираҳои пулии онҳо дохил мешаванд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 1 (35)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет