Central AsianResearch Index

МУҲТАВОИ АСОСИИ МАҶАЛЛАИ «МАКТАБ» ДАР ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ МАОРИФ

Мавзуи мақола яке аз масъалаҳои муҳимми журналистика - нақш ва аҳамияти нашрияҳои маҳаллии соҳавӣ, аз ҷумла дар яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа - илм ва маорифро дар бар гирифта, то ҳол дар илми журналистикаи тоҷик кам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла нашрияи Раёсати маорифи вилояти Хатлон маҷаллаи «Мактаб» дар байни нашрияҳои дигари соҳавӣ мавқеи намоён дошта, аз таҷрибаи он дар инъикоси масъалаҳои маориф, роҳҳои такмилу рушди методика, шеваҳои таълиму тарбия, жанрҳои асосии таҳлилии он метавон самаранок истифода бурд. Таҳқиқ маълум кард, ки жанрҳои асосии журналистии дар нашрия истифодашуда мақолаҳои таҳлилӣ, мусоҳиба , ссенарияҳои дарсҳои намунавӣ ва лавҳа буда, дар ин бобат махсусиятҳои худро пайдо кардааст. Таҷрибаҳои аёнӣ ва назариявии маҷаллаи «Мактаб»-ро дар тарбияи журналистони соҳавӣ метавон истифода кард.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан