МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ДАР МАРҲИЛАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ
Истифодаи Интернет бо шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти имрӯзаи инсонҳо мақоми бештар ва ҷудонашавандаро ишғол намудааст. Фазои маҷозӣ ба тарзи ҳаёти инсонҳо, муошират, талаботу манфиатҳо ва ҳолати рӯҳии мардум таъсири бештар расонда, рушди технологияи иттилоотӣ, ки он хусусияти глобалӣ пайдо намуда, бо суръати баланд пеш рафта истодааст, таъмини амнияти давлатӣ ва ҷамъиятиро кори басо мураккаб мегардонад. Аз ин рӯ, шаклҳои зоҳиршавии таҳдидҳо дигаргун гашта, вобаста ба тарақиёти технологияҳои иттилоотию-иртиботӣ ва пешрафти илм шакли нави фаъолияти террористӣ «Кибертерроризм» ташаккул ёфта вазъи ҷомеаи ҷаҳониро мураккаб гардонда, ба шаклгирии дигари амалиёти ҷиноятӣ оварда расонидааст. Бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳои пайдоиши терроризм , рушди сиёсати давлатии муқовимат бо шаклҳои навӣ терроризм . Яке аз тамоюли асосии терроризми муосир фаъолият дар шабакаҳои фаромиллии интернетӣ мебошад, ки гурӯҳҳои террористи кӯшиши пайваст бо шабакаҳои умумиҷаҳонӣ намуда, муқовимат бо онҳоро мушкил мегардонад. Дар ин замина муаллиф истифодаи самрабахши технологияҳои биометриро дар муқовимат бо терроризм ба таври назаррас таҳлил кардааст. Холигӣ дар фазои идеологӣ ва маҷозии мамлакат, ки яке аз воситаҳои иттилоотониданӣ мардум мебошад, фаъолияти гурӯҳҳои террористиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар кардааст. Дар чунин шароит бо мақсади муқовимат бо терроризм дар шабакаҳои «Интернет» барномаҳои автоматие амал менамояд, ки ба воситаи онҳо имкони муайян намудани иттилоотӣ ба фаъолият ва амалиётӣ террористӣ рабтдошта муайян карда мешавад. Барои амалинамоии чунин ҳадафҳо асосан зеҳни сунъӣ, полоиши дақиқи иттиллоот хизмат менамояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан