Central AsianResearch Index

Муњокот ва шинохти он аз назари хоља Насириддини тўсї

Маќолаи мазкур ба шинохти муњокот њамчун масоили мубрами илми адабиётшиносии асримиёнагии тољик дар мисоли назариёти адабию эстетикии донишманди бузурги илму адаби тољик дар асри XIII Хоља Насириддини Тўсї бахшида шудааст. Муаллиф ба хулоса меояд, ки Хоља Насириддини Тўсї нахустин донишманде мебошад, ки ба муњокот ба сифати истилоњи илмї мурољиат намуда, ба он таърифи мухтасар ва мушаххас додааст, ки минбаъд мавриди эътибори ањли мантиќ ва адаб ќарор дода шудааст. Хоља Насириддини Тўсї дар мавриди шинохти муњокот ва вижагињои он аз Арасту ва пайравони ў – Ибни Сино ва Форобї ном набарад њам, дар рафти тадќиќот маълум мегардад, ки ў дар тањќиќи ин масъала аз доираи таълимоти мантиќиён берун нарафтааст. Ў муњокотро чун мантиќиён дар доираи илми шеър мањдуд накарда, балки онро дар тамоми соњаи эљод, чун рассомї, шоирї ва носирї њам баррасїӣ менамояд ва ба хулосае меояд, ки ашё ё њодисањои тасвиршаванда ба асли худ як хел намебошанд.

Сведения

Опубликовано
2018 · № 2 (75)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП