Central AsianResearch Index

МУҲОҶИРАТИ СОКИНОНИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА ДАШТИ ДИЛВАРЗИН

Дар мақолаи илмии мазкур таҳқиқот дар бораи кӯчонидани аҳолӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин мавриди барраси қарор мегирад. Ин раванд дар шароити дигаргуниҳои муосири демографӣ ва иҷтимоии минтақа аҳамияти илмиро доро мебошад. Муаллиф паҳлӯҳои гуногуни ин равандро, аз ҷумла сабабҳо, динамика ва оқибатҳои он, инчунин таъсири онро ба иқтисодиёт, фарҳанг ва экологияи минтақаи мавриди назарро таҳлил менамояд. Дар мақола таърихи ба заминҳои дашти Дилварзин кӯчонидани сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ дар солҳои 1950-уми асри гузашта, таҳлил карда мешавад. Мӯҳоҷир намудани аҳолӣ дар натиҷаи сохтмони обанбори Қайроққум, ки дар натиҷаи он заминҳои зиёди ҳосилҳез, ки зери об монда буд, ба амал омад. Инчунин дар мақола ташаббуси котиби якуми ҲК Тоҷикистон , Б.Ғ. Ғафуров дар бобати ба амал баровардани ин муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифта, номбурда ҷонибдори ҷуброни заминҳои зериобмонда тавассути додани заминҳои истифоданашуда ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созишнома бо Ӯзбекистон буд. Дар ин на танҳо роҳи ҳалли мушкилоти экологӣ, балки имконияти азхудкунӣ ҳудудҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии аҳолиро низ медид. Дар мақола, инчунин аҳамияти мӯҳоҷиркунӣ ҳамчун роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя таъкид шудааст. Б.Ғафуров талаботи минтақаҳоро бодиққат мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳод кард, ки аҳолӣ аз минтақаи кӯҳистон, ки дар он ҷо мардуми имконияташон маҳдуд барои кишоварзӣ зиндагӣ мекарданд, ба заминҳои ҳамвор барои кишоварзӣ мувофиқтар кӯчонида шаванд. Ҳамин тариқ, дар мақола замина ва ангезаҳои кӯчонидани аҳолӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳамияти он барои рушди минтақа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таъкид шудааст.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2023 · № 3 (35)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА