МУҲИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ СУҒУРТАВИИ РАҚАМӢ
Дар доираи мақолаи илмӣ ҷузъиётҳои таркибии раванди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ баррасӣ карда шудааст. Таҳлили муқоисавии вазъи рушди иқтисодиёти миллӣ тавассути шохисҳои таркибии иқтисоди рақамӣ бо дигар мамлакатҳои шарики стратегӣ ва давлатҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст. Вазъи рушди бозори хизматрасониҳои суғуртавии рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, омилҳои муҳити дохилӣ ва берунии он муайян карда шудааст. Дар мақолаи илмӣ муаммоҳои ҷойдошта дар рушди хизматрасониҳои суғуртаи рақамӣ муайян гардида, тавсияҳо чиҳати рафъи онҳо пешниҳод гардидаанд. Муайян шудааст, ки рушди суғуртаи рақамӣ дар мамлакат аз вусъат додани шохисҳои марбути иқтисоди рақамӣ дар иқтисоди милли ҳар як мамлакат вобаста мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет