Central AsianResearch Index

МУҲАССАНОТИ КАЛОМИ ҒАНИИ КАШМИРӢ ДАР ОИНАИ ШЕЪРАШ

Мақоми суханвари мумтози форсисарои қарни XVII Ҳиндустон – Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ дар ривоҷи назми форсизабони Ҳинд муайян карда шудааст. Ба мақсади тақрири саҳми Ғании Кашмирӣ дар ривоҷи забон ва адаби форсӣ ва мақоми баланди ӯ дар олами шеъру адаб маълумоти тазкиранигоронро дар бораи муҳассаноти ашъори ӯ, тарзи калом ва ҳунари баланди шоирияш дар истифода намудан аз воситаҳои бадеӣ ва хидмати арзандааш дар равнақи сабки ҳиндӣ аз тазкираҳои сершумор иқтибосҳо оварда шудааст, ки ҳамагӣ нуфузи арзишҳои ҳунарии каломи шоирро ифода мекунанд. Худи Ғании Кашмирӣ низ ба ҳунари шоирии худ ифтихор мекунад, ки дар мақола абёти зиёде аз чунин ифтихорияҳо ба ҳайси намуна оварда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 93, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП