МОРФЕМАИ ҲАМВА РОҲҲОИ КАЛИМАСОЗИИ ОН ДАР ОСОРИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
Роҳу васоити калимасозӣ яке аз манбаъҳои асосии рушду нуму ва такомули таркиби вожагонии забон маҳсуб меёбад ва ба ин восита ҳайат ва захираи луғавии забони тоҷикӣ мукаммал мегардад. Таҳқиқи роҳҳои калимасозии осори устод Лоиқ Шералӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки дар мақола вазифаи морфологии қолибҳои калимасозӣ бо пешванди ҳамдар асоси маводи осори Лоиқ Шералӣ баррасӣ карда мешавад. Муаллиф, асосан, ба қолиби калимасозии пасвандҳои ҳамтаваҷҷуҳ зоҳир карда, онро мавриди омӯзиш қарор дода, имконияти пешванди номбурдаро дар қолибҳои болозикр нишон медиҳад. Дар осори шоир калимасозӣ оид бо пешванди зикршуда, далели он аст, ки пешванди ҳамба гурӯҳи пешвандҳои сермаҳсул дохил шуда, хусусияти ҳамроҳию шахссозиро ифода мекунад. Мо то ҳадде кӯшидем, ки дар осори адиб калимаҳоеро, ки бо пешванди зикршуда сохта шудаанд ҷудо намуда, таҳлил намоем. Дар осори пурарзиши Лоиқ Шералӣ хусусиятҳои наҷиби морфологии калимасозиро оид ба пешванди ҳамвохӯрдем, ки адиб аз ин усул моҳирона истифода карда, калимаҳои нав офаридааст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Лоиқ Шералӣ ба сохтори калима ва мавқеи истифодаи он дар шеърҳояш эътибори ҷиддӣ дода, ҳатто дар ҳар як байташ андешаҳояшро бо маҳорати тамом баён намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни