МОДЕЛСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ ВА ТАҲЛИЛИ АЛГОРИТМҲОИ ТАШКИЛИ САМТҲОИ МУТОБИҚШАВАНДАИ ТАЪЛИМ ДАР СИСТЕМАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Мақолаи мазкур ба таҳлили равандҳои моделсозии математикӣ ва алгоритмҳои мутобиқшаванда дар системаҳои электронии таълимӣ бахшида шудааст. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ , шабакаҳои коммуникатсионӣ ва платформаҳои рақамӣ, масъалаи фардикунонии раванди омӯзиш ба яке аз самтҳои калидии таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтааст. Дар мақола равандҳои назариявии ташаккули моделҳои математикӣ, усулҳои ба расмиятдарории маълумоти таълимӣ ва имкониятҳои татбиқи алгоритмҳои интеллектуалӣ барои идоракунии самтҳои мутобиқшавандаи омӯзиш мавриди таҳлил қарор мегиранд. Истифодаи алгоритмҳои мутобиқшаанда имконият фароҳам меорад, ки муҳтавои таълим, суръат ва сатҳи мураккабии омӯзиш ба хусусиятҳои инфродии донишҷғ мутобиқ карда шавад. Натиҷаҳои таҳқиқот собит месозанд, ки татбиқи чунин равишҳо метавонад самаранокии раванди таълим, сифати азхудкунии дониш ва ҳавасмандии донишҷӯёнро ба таври назаррас баланд бардорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 1, № 7
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан