Central AsianResearch Index

МОДЕЛСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ ВА ПЕШГӮИИ ИФЛОСШАВИИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА АЗ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚӢ ГАРМИДИҲӢ

Мақола ба масъалаҳои моделсозӣ ва таҳқиқи партови моддаҳои зараровар аз нерӯгоҳҳои барқӣ гармидиҳӣ ва пешгӯии ҳолати экологии атмосфера бахшида шудааст. Атмосфераи Замин як системаи хеле мураккаб буда, дар як вақт метавонад равандҳои физикю химиявӣ ба он таъсири худро расонад, ки омӯзиши онро хеле душвор мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир рушди бахши саноат дар кишварҳои пешрафта, аз қабили Чин, ИМА, Ҳиндустон, Русия, Фаронса, Ҷопон боиси аз ҳад зиёд ба атмосфера партофтани газҳои гулхонаӣ гардида истодааст. Ин дар навбати худ ба вайрон кардани меъёрҳои муқарраршудаи санитарӣ оварда мерасонад. Омӯзиши мониторинг , пешгӯӣ ва арзёбии ифлосшавии ҳаво яке аз вазифаҳои муҳим дар ҳама кишварҳо мебошад. Дар мақола маълумот дар бораи моддаҳои зараровар ҳангоми сӯзондани газ, мазут ва ангишт дар нерӯгоҳҳои барқии гармидиҳӣ оварда шудааст. Ба пайдоиши реаксияҳои химиявӣ ва раванди диффузия, ки аз нуқтаи назари илмӣ асоснок мебошанд, диққати махсус дода мешавад. Дар асоси муодилаи дифференсиалии интиқол схемаи фарқӣ сохта шудааст. Бо истифода аз ин схемаи фарқӣ таъминоти барномавӣ дар забони барномасозии С++ барои ҳисоб кардани вазни газҳои партофташуда таҳия гардидааст. Натиҷаҳои ҷадвалӣ ва графикии барнома имкон медиҳанд, ки тағйироти индекси комплексии ифлосшавии атмосфера дар минтақаи ҷойгиршавии нерӯгоҳ пешгӯӣ карда шавад ва барои коҳиш додани он чораҳо андешида шаванд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 1, № 7
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан