МОДЕЛСОЗИИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БА САРМОЯИ ИНСОНӢ
Мақолаи мазкур оид ба моделсозии вобастагии арзиши сармояи инсонӣ аз ҳаҷми сармоягузорӣ ба он баррасӣ гардида, намудҳои гуногуни вобастагии арзиши сармояи инсонӣ аз ҳаҷми сармоягузори ба он оварда шуданд ва аз нуқтаи назари илмӣ баррасӣ ва таҳлил карда шудаанд. Инчунин дар мақолаи мазкур вазифаи сохтани модели назариявӣ гузошта шудааст, ки вобастагии суръати тағйирёбии сармояи инсониро аз ҳаҷми маблағҳои гузошташударо инъикос менамояд. Асоси модели мазкурро муқаррароте ташкил медиҳад, ки тибқи он миқдор ва сифати сармояи инсоние, ки дар фаъолияти ширкат иштирок мекунанд, бевосита аз сатҳи сармоягузорӣ ба он вобаста аст. Калидвожаҳо: сармояи инсонӣ , арзёбии сармояи инсонӣ , модели сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ , намудҳои асосии сармояи инсонӣ , захираҳои сармояи инсонӣ.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет