Central AsianResearch Index

МОДЕЛИ МАТЕМАТИКӢ ВА КОМПЮТЕРИИ БАҲОДИҲИИ САМАРАНОКИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Дар мақолаи мазкур масъалаи моделсозии математикӣ ва компютерии баҳодиҳии самаранокии раванди таълим баррасӣ карда мешавад. Бо дарназардошти мураккабии равандҳои педагогӣ ва зарурати таҳлили дақиқи онҳо, як модели дискретии динамикӣ пешниҳод мегардад, ки се марҳилаи асосии таълим яъне тарҳрезӣ, амалисозӣ ва арзёбиро дар бар мегирад. Дар доираи ин модел гузариши байни марҳилаҳо бо истифода аз коэффитсиентҳои махсус тавсиф шуда, инчунин таъсири пастшавии дониш ва алоқаи бозгашт ба назар гирифта мешавад. Модели пешниҳодшуда имконият медиҳад, ки раванди таълим ҳамчун як низоми пӯшидаи динамикӣ таҳлил карда шавад. Барои таҳқиқи рафтори система усулҳои моделсозии компютерӣ ва оптимизатсия бо истифода аз забони барномасозии Python татбиқ гардидаанд. Натиҷаҳои моделсозӣ нишон медиҳанд, ки самаранокии умумии раванди омӯзиш аз тавозуни оптималии параметрҳои гузариш ва сатҳи истифодаи механизми алоқаи бозгашт вобаста мебошад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан