МОДЕЛИ ИЌТИСОДЇ-РИЁЗИИ ОЯНДАБИНИИ РАҚОБАТПАЗИРИИ КОРХОНАЊОИ САНОАТЇ
Дар маќола модели иќтисодї-риёзии ояндабинии рақобатпазирии корхонањои саноатї пешнињод гардидааст. Муаллифон исбот намудаанд, ки барои бомуваффақият ояндабинї намудани рақобатпазирии ширкат ва омилҳои он зарур аст, ки дар доираи равиши комплексӣ ба усулҳои илман асоснокшудае такя карда шавад, ки дар байни онҳо, аз ҷумла экстраполятсия , ояндабинии мақсадноки меъёрӣ, моделсозии иқтисодӣ ва математикӣ, пешнињодњои коршиносонро ҷудо кардан мумкин бошад. Њамзамон, мушкилоти асосии ояндабинии имкониятҳои потенсиалии корхонањои саноати сабук дар асоси усулҳои экспертӣ дар як проблемаи умумие зоњир мегардад, ки бо таҳқиқоти илмии хориҷӣ ва ватанӣ пурра ҳал нашудааст, арзёбиҳои коршиносон субъективӣ мебошанд ва дар заминаи онҳо ба даст овардани натиҷаи мусбати интизоршаванда на ҳамеша имконпазир аст. Масалан, сохтори сохташуда оид ба ояндабинӣ бинобар номувофиқатии тахассуси иҷрокунандагон бо мураккабии вазъияти воқеӣ метавонад аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда набарояд. Модели иќтисодї-риёзии ояндабинии рақобатпазирии корхонањои саноатї имкон медињад, ки ояндабинии имкониятҳои потенсиалии корхонањои саноати сабук амалї карда шуда, дар заминаи он ба даст овардани натиҷаи мусбати интизоршаванда ҳамеша имконпазир гардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (36)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Казахский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет