МОДЕЛИ ИҚТИСОДӢ-ОМОРӢ ВА ИСТИФОДАИ ОН ДАР САТҲИ ТАВАРРУМ
Дар давраи ҳассосе, ки (COVID-19) имрўз мо паси сар намудем, доираи муомилоти пулӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии на ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми дунё рўй ба коҳишёбӣ намуд. Масъалаи мазкур ҳамчун омили калидӣ зарурати омўзиш ва пешниҳодҳои баҳои иқтисодӣ, механизми бозорро талаб менамояд. Бинобар ин, хусусияти хоси иқтисодиёти кишварро ба инобат гирифта, пеш аз ҳама, донистани сабаб ва оқибатҳои раванди таваррум ва тамоюли тағйирёбии он хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Барои ҳалли ин масъала низоми нишондиҳандаҳои омории таваррум аҳамияти муҳим дорад. Ба ақидаи муаллифон, барои омўзиши раванди таваррум ва ошкор намудани дигаргуншавии он аз манбаъҳои мухталифи маълумот, соҳаҳои алоҳидаи омори иҷтимоӣиқтисодӣ, аз ҷумла омори андоз, нарх ва муомилоти пулӣ истифода бурдан аз имкон холӣ нест. Аз ин лиҳоз, дар мақола муаллифон омилҳои таъсиррасони сатҳи таваррумро бо усулҳои оморӣ андозагирӣ карда, баҳои иқтисодӣоморӣ пешниҳод намудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (27)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет