МОДЕЛИ БАҲИСОБГИРИИ ХАРОҶОТ ВА ДАРОМАДҲО ДАР КОРХОНАҲОИ САЙЁҲӢ
Дар мақола нақши калидии моделсозӣ дар пешбурди баҳисобгирии муҳосибии фаъолияти корхонаҳо ва воситаи самарабахши таҳкими ягонагии методологии муттаҳидкунандаи баҳисобгирии муҳосибӣ баррасӣ гардидааст. Қайд карда шудааст, ки истифодабарии принсипҳои моделсозӣ барои идоракунии корхонаҳои сайёҳӣ муҳим буда, методикаи баҳисобгирии мувофиқи самтҳои фаъолияти корхонаро инъикос менамояд. Дар асоси моделҳои таснифотии соҳавӣ модели баҳисобгирии хароҷот ва даромадҳо дар корхонаҳои сайёҳӣ таҳия карда шудааст, ки воситаи боэътимоди қабули қарорҳои методологӣ, ташкилӣ, технологӣ дар самти фаъолияти гуногунҷабҳаи он маҳсуб меёбад. Асоснок карда шудааст, ки истифодабарии амалии модели пешниҳодшуда ба фаъолияти пурсамари корхонаи сайёҳиро мусоидат менамояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет