МОДЕЛҲОИ МУОСИРИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУРОФИАИ МАЪМУРӢ: ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ ҲУҚУҚӢ
Равишҳои илмии фаҳмиши мурофиаи маъмурӣ ва сохтори он дар давлатҳои пасошуравӣ ва як қатор давлатҳои хориҷии дур баррасӣ шудааст. Афзоиши таваҷҷуҳ ба таҳияи назарияи умумии «синтезӣ»-и (ҷамъбастии) мурофиаи маъмурӣ , аз ҷумла, методологияи интегративӣ зикр гардидааст. Дар ин қарина, вижагии равишҳо ва фаҳмиши он дар мамлакатҳои хориҷӣ ошкор карда шуда, ду намуди асосии моделҳои кодификатсияшудаи танзими мурофиаи маъмурӣ : модели танзими ҷудогонаи мурофиаи маъмурӣ ва модели умумии (ягонаи) кодификатсияи мурофиаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст. Диққати асосӣ ба амалӣ намудани модели умумии (ягонаи) кодификатсияи меъёрҳои расмиёти маъмурӣ ва мурофивии судии маъмурӣ дода шудааст. Дар доираи чунин модел, мурофиаи маъмурӣ , ба таври истисно бо мурофиаи маъмурии судӣ айният дода мешавад. Таҳқиқи таҷрибаи истифодаи моделҳои кодификатсияи ягона ва иҷрои он барои инкишофи консепсияи интегративии мурофиаи маъмурӣ , ки чун ҳодисаи том дар ягонагии ҷузъҳои юрисдиксионӣ ва ғайриюрисдиксионӣ (позитивӣ) ҳавасмандию заминаҳои иловагӣ ба вуҷуд меорад, сурат гирифтааст. Хусусиятҳои татбиқи методологияи интегративӣ барои дарк ва тафсири мурофиаи маъмурӣ ва масъалаҳои мубрами таҳияи он дар асоси назарияи умумии мурофиаи маъмурӣ ошкор карда шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП