Central AsianResearch Index

МОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ФАРОҒАТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Инсон мехоҳад барои рафъи оқибатҳои номатлуби ба саломатии худ таъсиррасон, инчунин берун шудан аз ҳолати изтироб ва хастагӣ муддате фароғат кунад ва саломатии худро барқарор созад. Корфармоён низ мехоҳанд кормандонашон солим бошанд, онҳо ба истифодаи қувваи кории аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва руҳӣ солим ҳавасманданд. Одамон дар давраи рухсатиҳои худ мехоҳанд на танҳо истироҳат кунанд, аксари онҳо ин вақти фориғ аз шуғли асосии худро барои табобат ва пешгирии ҳар гуна бемориҳо мегузаронанд. Акнун самти нави фаъолияти иқтисодӣ – ташкили фароғат ба хотири барқарор кардани мутаносибии ҷисмонию руҳонӣ ва бароҳатии одамон, якҷоя кардани рухсатии кормандон бо табобат ба миён омадааст, ки дар доираи фаъолияти сайёҳии фароғатию солимгардонӣ анҷом дода мешавад. Дар мақолаи мазкур заминаҳои таърихию иқтисодии сайёҳии фароғатию солимгардонӣ таҳқиқ шуда, моҳияти он ифшо карда шудааст. Таъсири сайёҳии фароғатию солимгардонӣ ба рушди иқтисодӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ дар мамлакат муайян карда шудааст. Мафҳумҳои бо сайёҳии фароғатию солимгардонӣ алоқаманд таҳқиқ карда шуда, фарқи байни онҳо ва мафҳуми худи сайёҳии фароғатию табобатӣ ҳамчун масъалаи муҳими назариявию амалӣ муайян карда шудааст. Тасдиқ карда шудааст, ки дар муҳтавои мафҳумҳои бо сайёҳии фароғатию солимгардонӣ алоқаманд монандии байниҳамдигарӣ мушоҳида мешавад, қариб дар ҳамаи онҳо истифодаи омилҳои табиӣ, аз ҷумла об барои солимгардонӣ ва фароғати ҷисму рӯҳи инсон таъқид карда шудааст. Таърифи муаллифии сайёҳии фароғатию солимгардонӣ таҳия карда шудааст. Барои муайян кардани таърифи сайёҳии фароғатию солимгардонӣ ба истилоҳоти дар амалияи байналмилалӣ қабулшуда таваҷҷуҳ карда, онҳо нисбатан дақиқтар муайян карда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет