МОҲИЯТИ ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ МАДАНӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
Моҳияти принсипҳои ҳуқуқи маданӣ мувофиқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ карда шудааст. Пас аз қабул шудани Кодекси маданӣ ва мавриди амал қарор додани он принсипҳои ҳуқуқӣ ба таври васеъ пешбинӣ шудаанд. Омӯзиш ва таҳлили меъёрҳои қонунҳои соҳаи танзими фаъолияти соҳибкорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки принсипҳои ҳуқуқи маданӣ дар таркиби онҳо ба таври нопурра пешбинӣ карда шудаанд. Қонунгузорӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳимояи рақобат , мораторий ба санҷиши субъектони фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ , шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ғайра, ки баҳри таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар пешбинӣ шудаанд, таҳлил гардидаанд. Ҳамчунин андешаҳои як қатор олимони соҳа оид ба мувофиқгардонии меъёрҳои конститутсионӣ, қонунгузории маданӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудаанд. Дар мақола дар асоси таҳлили меъёрҳои қонунгузории амалкунанда норасоиҳои ҳуқуқэҷодкунӣ оид ба муқаррароти принсипҳои ҳуқуқӣ дар қонунҳо муайян гардидаанд. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо дар самти татбиқи принсипҳои ҳуқуқӣ дар қонунгузории фаъолияти соҳибкорӣ якчанд пешниҳод баён карда шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 98, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП