Central AsianResearch Index

МОҲИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗАРУРАТИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ОН (ДАР МИСОЛИ МОИ “СУҒД”)

Зарурати дастгирии давлатии корхонаҳои бизнеси хурду миёна дар минтақаи озоди иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, фаъолият бурда барои васеъ намудани иштироки ҳамаи шаклҳои соҳибкорӣ дар муомилоти содиротию воридотӣ, намоишу ярмаркаҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ чораҳо меандешанд. Бо истифода аз усули ҳисобкард ва таҳлили иқтисодӣ исбот мешавад, ки чи тавр роҳи бо дастгирии корхонаҳои бизнеси хурду миёна рушди устувории иқтисодиро таъмин кардан мумкин аст. Мудаллал сохта шудааст, ки бидуни рушди корхонаҳои хурду миёна ноил гаштан ба пешравии иқтисодиёт ғайриимкон мебошад. Ташкил карда шудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз нуқтаи назари рушди бизнеси хурду миёна, соҳаи хизматрасонӣ дар иқтисодиёти минтақавӣ, ки дар инкишофи минбаъдаи иқтисодиёт саҳми назаррас мегузаранд, ба риштаи кашида таҳлил шудааст. Азхудкунии заминҳои нав, рушди ҳунарҳои дастӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон самтҳои афзалиятноки низоми давлатии дастгирии бизнеси хурд дар иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб мераванд.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 94, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП